Рубоиёти Умари Хайёми Нишопурӣ

Рубоиёти Умари Хайёми Нишопурӣ

Шумори рубоиёти Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ (1048-1131) – ро наметавон бозрасӣ кард. Дар дарозои таърихи шеъри форсӣ рубоиёти зиёдеро ба ӯ нисбат додаанд. Аммо он миқдореро, ки муҳаққиқон дар дарозои дусад соли охир борҳо баргузидаанд, на бештар, балки камтар аз 200 рубоӣ аст.

Аммо мо кӯшидем, то ки он миқдор рубоиҳои Умари Хайёмро, ки дар ин муддат дар кишварамон ва берун аз он (Эрон, Инглистон, Фаронса, Русия ва ғ.) ба нашр расидаанд (камобеш 600 рубоӣ, бо дигаргунаҳояшон беш аз 2000), ба шумо пешкаш намоем. Зеро арзёбии ба Хайём тааллуқ доштан ё надоштани онхо корест ғайри имкон ва муроди мо низ ин нест ва танҳо он аст, ки то хонанда бидонад, ки чиҳоро ба ӯ нисбат медиҳанд. Гузашта аз ин, бо тасмими банда, бори нахуст дар Торхона, матни аслии бештари рубоиҳо бо тарҷумаи русиашон нашр мегардад.

Барои ба нашр омода кардан аз сарчашмаҳои зерин истифода бурдем:

1. Рубоиёти Ҳаким Хайём. Дар асл ва дар тарҷума ба фаронсавӣ. Нашри Ж. Б. Никола. (Les Quatrains de Кhеуаm. Traduits du persan par J. В. Nicolas.) — Порис, MDCCCLXVIII (1867).

2. ‘Омар Хаййāм. Рубā’ийāт. Подготовка текста, перевод и предисловие Р. М. Алиева и М.-Н. О. Османова. Под редакцией Е. Э. Бертельса. Часть 1. Факсимиле /АН СССР; Институт востоковедения. ‒ М.: ИВЛ, 1959. (Ин дастнависи Кембриҷ, ки гуё соли 1207/08 китобат шудааст, нусхаи бостонитарини рубоиҳои Хайём шумурда мешуд ва ҳатто устод Е. Э. Бертелс ҳам дар арафаи маргаш ба ин бовар дошт. Вале мурури замон шубҳанок будани соли китобати онро тасдиқ кард ва соли 1972 М.-Н. О. Османов ба ин иқрор шуд.)

3. ‘Омар Хаййāм. Рубā’ийāт. Подготовка текста, перевод и предисловие Р. М. Алиева и М.-Н. О. Османова. Под редакцией Е. Э. Бертельса. Часть 2. [Оригинал] /АН СССР; Институт востоковедения. ‒ М.: ИВЛ, 1959. (Дар ин китоб бархе рубоиҳо аз дастнавис саҳлангорона баргардон шудаанд, ки мо дар ин нашр барсӯй кардаем.)

4. Омар Хайям. Четверостишия избранные (Переводы О. Румера, Л. Н(екоры), И. Тхоржевского). — Сталинабад, 1954.

5. Омар Хайам. Рубайат. Перевод с персидского Г. Плисецкого. ‒ М.: Наука, ГИВЛ, 1972.

6. Омар Хайям. Рубаи. Перевод В. Державина. ‒ М.: Наука, ГИВЛ, 1972.

7. Омар Хайям. Рубаи. Перевод с фарси Н. Стрижкова. — Ташкент, 1980.

8. Омар Хайям. Четверостишия. — Смоленск: Русич, 2001.

9. Омар Хайям. Рубаи. Под ред. Н. Соломадиной. — Харьков,: Аргумент Принт, 2010.

10. Алиев Р. М. и Османов М.-Н. О. Омар Хайям. — М.: Издательство АН СССР, 1959.

11. Умари Хайём. Рубоиёт. Мураттиб Музаффар Холов. Муҳаррирон: Мубашшир Акбарзод ва Воробёва С. А. – Д.: Маориф ва фарҳанг, 2010.(Ин нашр дар интихоби рубоиҳо ҳамчун сарчашмаи нахустин корбурд шуд ва 70 дарсади рубоиҳои моддаи асосиро аз ин китоб гирифтаем.)

12. Гулрухсор. Шинохти рубоиёти Умари Хайём. – Д.: Пайванд, 2010.

13. Нашрҳои гуногун дар Эрон аз сӯйи Содиқи Ҳидоят, Муҳаммад Алии Фурӯғӣ, Алии Даштӣ, Муҳаммади Рамазонӣ ва дигарон.

Уважаемые читатели. Вам впервые предлагается наиболее полное собрание четверостиший Омара Хайяма в оригинале – на таджикском языке (фарси на кириллице). Кстати, мною впервой в Интернете опубликуются тексты большинства оригинальных рубаи одновременно с русским переводом. Перевод в свое время был осуществлен известными советскими переводчиками. В настоящей публикации использованы блестящие переводы Бальмонта Константина Дмитриевича (1867-1942), Тхоржевского Ивана Ивановича (1878-1951), Некоры Леонида Сергеевича(Л. В.; Л. Н.) (1886-1935), Румера Осипа Борисовича (Боруховича) (1883-1954), Старостина Анатолия Васильевича (1918-1980), Державина Владимира Васильевича (1908-1975), Плисецкого Германа Борисовича (1931-1992), Бану Цецилии Бенциановны (Бакалейщик) (1911-1998), Стрижкова Николая и многих других.

Аз омаданам набуд гардунро суд, В-аз рафтани ман ҷалолу ҷоҳаш нафузуд. В-аз ҳеч касе низ ду гӯшам нашунуд, К-ин омадану рафтанам аз баҳри чӣ буд. Давомаш…

Аз ҳодисаи замони зоянда матарс В-аз ҳар чӣ расад, чу нест поянда, матарс. Ин як дами нақдро ғанимат медон, Аз рафта маяндешу зи оянда матарс. Давомаш…

Акнун, ки зи хушдилӣ ба ҷуз ном намонд, Як ҳамдами пухта ҷуз майи хом намонд. Дасти тараб аз соғари май бозмагир, Имрӯз, ки дар даст ба ҷуз ҷом намонд. Давомаш…

Асрори азалро на ту дониву на ман, В-ин ҳарфи муаммо на ту хониву на ман. Ҳаст аз паси парда гуфтугӯйи ману ту, Чун парда барафтад, на ту мониву на ман. Давомаш…

Бархезу махӯр ғами ҷаҳони гузарон, Биншину даме ба шодмонӣ гузарон. Дар табъи замона гар вафое будӣ, Ҳаргиз ба ту навбат нашудӣ аз дигарон. Давомаш…

Бингар, зи сабо домани гул чок шуда, Булбул зи ҷамоли гул тарабнок шуда. Дар сояи гул нишин, ки бисёр ин гул, Аз хок баромада-сту бар хок шуда. Давомаш…

Гардун камаре зи умри фарсудаи мост, Ҷайҳун асаре зи чашми полудаи мост. Дӯзах шараре зи ранҷи беҳудаи мост, Фирдавс даме зи вақти осудаи мост. Давомаш…

Гаҳ шурбати айш соф бошад, гаҳ дурд, Гаҳ пӯшиши мо палос бошад, гаҳ бурд. Инҳо ҳама саҳл аст ба назди оқил, Ин воқеа саҳл аст, ки мебояд мурд. Давомаш…

Дар ҳикмат агар Арастуву Ҷамҳурӣ, Дар қудрат агар Қайсару Фағфурӣ, Май нӯш зи ҷоми Ҷам, ки гӯр охири кор, Гар Баҳромӣ, ки оқибат дар гӯрӣ. Давомаш…

Дил гуфт: «Маро илми ладуннӣ ҳавас аст, Таълим бикун, агар туро дастрас аст». Гуфтам, ки: «Алиф», гуфт: «Дигар ҳеч магӯ, Дар хона агар кас аст, як ҳарф бас аст». Давомаш…

Донӣ, ки сапедадам хурӯси саҳарӣ Ҳар лаҳза чаро ҳамекунад навҳагарӣ? Яъне, ки намуданд дар оинаи субҳ К-аз умр шабе гузашту ту бехабарӣ. Давомаш…

Имрӯз, ки мавсими ҷавонии ман аст, Май хоҳам аз он ки шодмонии ман аст. Айбам макунед, агарчи талх аст, хуш аст, Талх аст аз он ки зиндагонии ман аст. Давомаш…

Ин кӯза чу ман ошиқи зоре будаст, Дар банди сари зулфи нигоре будаст. Ин даста, ки бар гардани ӯ мебинӣ, Дастест, ки бар гардани ёре будаст. Давомаш…

Ман бандаи осиям, ризои ту куҷост? Торикдилам, нуру сафои ту куҷост? Моро ту биҳишт агар ба тоат бахшӣ, Ин музд бувад, лутфу атои ту куҷост? Давомаш…

Онон, ки муҳити фазлу одоб шуданд, Дар ҷамъи камол шамъи асҳоб шуданд, Раҳ з-ин шаби торик набурданд бурун, Гуфтанд фасонаеву дар хоб шуданд. Давомаш…

Онро, ки вуқуф аст бар аҳволи ҷаҳон, Шодиву ғаму ранҷ бар ӯ шуд яксон. Чун неку бади ҷаҳон ба сар хоҳад шуд, Хоҳӣ ту ба дард бошу хоҳӣ дармон. Давомаш…

Р

Т

Таркиби табоеъ чу ба коми ту дамест, Рав, шод бизӣ, агарчи бар ту ситамест. Бо аҳли хирад бош, ки асли тани ту, Гардеву насимеву шарореву дамест. Давомаш…

То битвонӣ, ранҷа магардон касро, Бар оташи хашми хеш маншон касро. Гар роҳати ҷовидон тамаъ медорӣ, Меранҷ ҳамешаву маранҷон касро. Давомаш…

То дар тани туст устухону рагу пай, Аз хонаи тақдир манеҳ берун пай. Гардан манеҳ, ар хасм бувад Рустами Зол, Миннат макаш, ар дӯст бувад Ҳотами Тай. Давомаш…

То кай ғами он хӯрам, ки дорам ё на? В-ин умр ба хушдилӣ гузорам ё на? Пур кун қадаҳи бода, ки маълумам нест, К-ин дам, ки фурӯ барам, барорам ё на. Давомаш…

Хоҳӣ, ки писандидаи айём шавӣ, Мақбули қабули хосаву ом шавӣ. Андар пайи муъмину ҷуҳуду тарсо Бадгӯй мабош, то накуном шавӣ. Давомаш…

Хуршеди сипеҳри безаволӣ ишқ аст, Мурғи чамани хуҷастафолӣ ишқ аст. Ишқ он набувад, ки ҳамчу булбул нолӣ, Ҳар гаҳ ки бимириву нанолӣ, ишқ аст. Давомаш…

Ҳаргиз ба тараб шарбати обе нахӯрем, То аз кафи андуҳ шаробе нахӯрем. Ноне назанем дар намак ҳеч гаҳе, То аз ҷигари хеш кабобе нахӯрем. Давомаш…

Ҳарчанд ки рангу рӯйи зебост маро, Чун лола руху чу сарв болост маро, Маълум нашуд, ки дар тарабхонаи хок, Наққоши азал баҳри чӣ орост маро. Давомаш…

Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст, Бархезу ба ҷоми бода кун аҳд дуруст, К-ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи туст, Фардо ҳама аз хоки ту бархоҳад руст. Давомаш…

Эй он, ки натиҷаи чаҳору ҳафтӣ, Дар ҳафту чаҳор доим андар тафтӣ. Май хӯр, ки ҳазор бор бешат гуфтам, «Бозомаданат нест, чу рафтӣ, рафтӣ». Давомаш…

Агар дар матн хатое ёфтед, хоҳиш, онро ҷудо карда, Ctrl+Enter-ро пахш намоед.

📎📎📎📎📎📎📎📎📎📎